Фаъолияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд иборат аз барқарор намудани муносибатҳои таърихӣ, мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ, ривоҷ робитаҳои фарҳангию иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили маъракаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва амсоли ин бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аст. Сабаби ба вуҷуд омадани созмони Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур аст. Аз ин рӯ, Кумитаи иҷроияи Анҷумани Пайванд аз оғози кораш кӯшиш намуд, ки бо он тоҷикон ва ҳамзабононе, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон зиндагонӣ мекунанд ва мехоҳанд бо Тоҷикистон иртибот дошта бошанд, робита барқарор намояд.
Тавре ки маълум аст дар солҳои мавҷудияти давлати абарқудурати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ бо сабабҳои сиёсӣ рафту омади тоҷикон ба кишварҳои форсизабон (Эрон ва Афғонистон) маҳдуд шуд. Бахше аз мардум дар солҳои 20-ум ва 30-уми садаи бист аз Ватани аслии хеш фирор карда, дигар ба зодгоҳи худ барнагаштанд, вале ҳамеша дар орзуи дидори Ватан ва хешовандон буданд. Дар натиҷаи фаъолияти Анҷумани Пайванд бисёре аз ҳамзабонон наздикони худро пайдо намуданд ва то ба имрӯз байни онҳо робита барқарор аст.
Анҷумани Пайванд тавонист, то ба имрӯз садҳо ҳамватанони бурунмарзӣ ва намояндагони илму фарҳанги тоҷикон ва форсизабононро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба узвияти худ бипазирад, ба Тоҷикистон даъват намояд ва бо дастовардҳои илмию фарҳангии кишварамон ошно созад. Ҳар кадоме аз онон кӯшиш доштанд, ки бо нияти нек ба Тоҷикистон ташриф оварда, ба пешрафти ояндаи он ва пайванди бештар бо ҳамзабонон ҳисса бигзоранд.
Дар ҳалқаи меҳмонони ҳарсолаи Анҷумани Пайванд шахсоне низ буданд, ки бо амри сарнавишт дар нимаи аввали асри бист, ё ҳатто аз он пештар хешовандони онҳо ба кишварҳои дигар рафта буданд ва дигар ба Ватани аслии худ барнагаштанд. Бархе аз ин азизон хешу табори худро меҷустанд ва бо онҳо иртибот барқарор мекарданд ва бархе дигар бо мақсади ошноӣ бо суннатҳои фарҳангии ниёгони худ ба дидани Тоҷикистон ва мардуми шарифи он меомаданд. Дар ин рафту омадҳо онҳо аз меҳмонавозӣ, самимият, хушбархӯрдии мардуми озодаи тоҷик лаззат мебурданд. Бо дидани табиати дилрабои Тоҷикистон, фарҳанги суннатии тоҷикон, яъне расму оин, маъракаҳо, маросимҳо, ҷашнҳо ва ба хусус аз иҷрои суруду тарона, рақсу бозӣ, шефтаи ин мардум мешуданд.
Дар тӯли ин солҳо Анҷумани Пайванд бо марказҳои фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба монанди Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Фаронса, Инглистон, Арабистони Саудӣ, Олмон, Шведсия, Туркия, Норвегия, Покистон, Ҳиндустон, Канада, Австралия, баъзе аз кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ ва ғайра робита барқарор кард.
Анҷумани Пайванд ният дорад, ки дар оянда бо марказҳои илмии тоҷикшиносӣ ва эроншиносии кишварҳои дунё низ иртибот барқарор намояд. Барои омӯзиш ва пажӯҳиши забон, адабиёт, таърих, мардумшиносӣ ва дигар ҷиҳатҳои фарҳанги суннатии тоҷикон ба онҳо кумак расонад ва дар айни замон дастовардҳои илмии онҳоро ба фарҳангиёни тоҷик ошно намояд.
Тибқи баррасиҳо ҳоло дар ҷаҳон беш аз 120 миллион ба забони форсӣ суҳбат мекунанд. Таҳлили оморҳои расмӣ нишон медиҳад, ки забони форсӣ яке аз 10 забони машҳури дунё аст. Яке аз мақсадҳои асосии Анҷумани Пайванд робитаи забониро дар байни ҳамзабонони кулли дунё густариш додан аст.
Дар ин муддат хеле бахшҳо ва марказҳои фарҳангии Анҷумани Пайванд дар кишварҳои хориҷӣ ва дар дохили Тоҷикистон таъсис дода шуданд.