Ҳамоишҳои (форумҳои) Анҷумани Пайванд дар солҳои зерин баргузор шуданд:

  • Маҷлиси муассисони ҷамъияти “Пайванд” 28 октябри соли 1989.
  • Ҳамоиши аввал 8 сентябри соли 1992.
  • Ҳамоиши дуюм 8 сентябри соли 1993.
  • Ҳамоиши сеюм 8 сентябри соли 1996.
  • Ҳамоиши чорум 10 сентябри соли 1999.
  • Ҳамоиши панҷум 7 сентябри соли 2002.
  • Ҳамоиши шашум 8 сентябри соли 2006.
  • Ҳамоиши ҳафтум (ҷашнӣ) 11 сентябри соли 2008.

Ҷашнҳо, симпозиумҳои зерин бо иштироки Анҷумани тоҷикон ва форисзабонони ҷаҳон – Пайванд баргузор шуданд: 1400 солагии Борбади Марвазӣ (1990), ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (1994), 680 солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1995), 675 солагии адиби оламшумули тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ (1996), 1100 солагии давлати Сомониён (1999), 960 солагии Ҳаким Умари Хайём (2000), Симпозиуми байналмилалии «Авесто ва тамаддуни ҷаҳонӣ» бахшида ба 2700 солагии Авесто (2001), 2500 солагии шаҳри Истаравшан (2002), ҷашни 1000 солагии Ҳаким Носири Хисрави Қубодиёнӣ (2003), 80 солагии таъсиси пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе (2004), соли тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700 солагии шаҳри Кӯлоб (2006), 1150 солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008).